26 Июн 2024 - 17:08
Теҳрон мизбони нишасти «Нақши ҳувиятҳои бумӣ ва муқовимати мардумӣ дар эҷоди назми навини ҷаҳонӣ»

Бо ҳузури андешмандони аршади 6 кишвар нишасти якрӯзаи «Нақши ҳувиятҳои бумӣ ва муқовимати мардумӣ дар эҷоди назми навини ҷаҳонӣ» бо ҳузури коршиносону андешмандони байналмилалӣ фардо (панҷшанбе) баргузор мешавад.

Маркази мутолеоти “Субҳ”, вобаста ба муовинати бурунмарзии Садо ва симои Ҷумҳурии исломии Эрон, нишасти «Нақши ҳувиятҳои бумиву муқовимати мардумӣ дар эҷоди назми навини ҷаҳонӣ» - ро бо ҳузури Евгений Попов, муовини собиқи Думаи Русия, Алӣ Ҳайдар, вазири собиқи оштии миллии Сурия, Аднон Мансур, вазири собиқи умури хориҷаи Лубнон, Хавйер Кузу, узви собиқи порлумони Аврупо, Вулио Чавез, узви порлумони Венесуэла ва Баҳодро Кумар, дипломати аршади Ҳинд ва ҳамчунин андешмандони эронӣ баргузор мекунад.
Нақши муқовиматҳои мардумӣ дар тағйири ҳандасаи ҷаҳонӣ, талоши ҳувиятҳои бумӣ дар назми навини ҷаҳонӣ, нақши гуруҳҳои муқовимат дар эҷоди Ғарби Осиёи ҷадид, Иттиҳоди ҷаҳони Ҷануб барои шаклгирии назми навин, иқдомоти шаҳидони Сайиди Иброҳими Раисӣ, раиси ҷумҳурии шаҳид ва Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи шаҳиди Эрон дар таҳаққуқи назми навини ҷаҳонӣ аз муҳимтарин меҳварҳои ин нишаст аст.
Ин нишаст дар ростои ҷараёнсозӣ ва шабакасозии муовинати бурунмарзӣ аз неруҳои расонаӣ ва андешмандони ҳавзаи назми навини ҷаҳонӣ тадорук дида шудаву муҳтавои ин нишасти 3 соата ба таври вижа аз шабакаҳои созмони садо ва симо пахш мешавад.

342/